- паридан
- [پريدن]1. ба воситаи пару бол ба ҳаво баланд шудани парандаҳо; парвоз кардан2. ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ аз ҷое ба ҷои дигар рафтан3. ҷастан, хез задан, банохост аз ҷо ҷаста хестан4. ларзидан, сахт ҷунбидан5. бардошта шудан; боло рафтан; бухор шуда ба ҳаво рафтан (мас., шабнам)6. ҷаҳида ғалтидан, ғалтида рафтан7. бартараф шудан, дур шудан (мас., кайф, мастӣ)8. паҳн шудан, пош хӯрдан (мас., оташ)9. шикастан, шикастани лаби зарфи чинӣ ё шишагӣ10. маҷ. бовар кардан; фирефта шудан ба касе, ба чизе, ба умеди касе болидан; парида рафтан а) парвоз кардан, б) ғелида рафтан, ғалтидан, ногаҳонӣ афтидан; парида хестан якбора ҷастан, хез зада аз ҷо бархостан; паридани ранг а) тағйир ёфтани ранги чизе, (мас., ранги либос аз офтоб); б) дигаргун шудани ҳолат аз шодӣ, тарсу ваҳм ё ғаму андӯҳ; паридани чашм ҷунбидани мижгон ва пилки чашм аз таъсири асаб; як қад паридан аз таъсири чизе якбора тарсида ҷунбида мондан, тарсидан; ҳуш (аз сар) паридан якбора тарсида мондан, сахт тарсидан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.